» » Гуласал Пулотова: "Ҷодаи санъат бо рақобат пеш меравад"...

Гуласал Пулотова: "Ҷодаи санъат бо рақобат пеш меравад"...

  • Ассалому алейкум бонуи зебову хушовоз, Гуласал Пулотова! Қаблан миннатдории хешро барои сӯҳбати имрӯза расониданӣ ҳастам.

Ассалому алейкум ба шумо низ ташаккур.

  • Гуласал Пӯлотова оё худро хушбахт меҳисобад ва хушбахтиро дар чӣ мебинад? 

Барои ман дар ҷойи аввал саломатӣ аст. хушбахтии ман саломатии ман аст, чашми бино, пойи равон, додаҳои Худованд ҳамааш барои ман хушбахтӣ аст. хушбахтии ман саломатии фарзанду оилаам, пайвандону дӯстонам аст.

  • Шумо бо забони ӯзбекӣ низ суруд сароидаед. Мегуфтед, ки чанд суруд бо забони ӯзбекӣ доред?

Ман мактаби миёнаро бо забони ӯзбекӣ таҳсил кардаам ва ин забонро хуб медонам. Ман бисёр сурудҳои ӯзбекӣ хондаам. Дар албоми авалинам ҳам бо забони ӯзбекӣ суруд сароидаам. Ҳамасола кӯшиш мекунам, ки суруди ӯзбекӣ хонам. Баъдан кӯшиш мекунам, ки бештар сурудҳое, ки мардумӣ ҳастанд ва ё классикӣ мебошанд, сароида бошам. Ман сурудҳои класикии ӯзбекиро бисёр дӯст медорам. Бисёр вақт мухлисон аз ман талаб мекунанд, ки бо забони ӯзбекӣ суруд хонам ҳам дар консертҳоям ҳам дар тӯю маъракаҳо. Масалан, дар консерти охиринам суруди “Чаман ичра” – ро ман бо дархости мухлисон сароидаам. Ҳофизе, ки аввалин маротиба ин сурудро сароидаанд, худашон хоҳиш карданд, ки аз забони ман сурудашонро гӯш кунанд.

  • Муваффақияти аввалини шумо дар ҳаётатон кадом буд оё дар хотир доред?

Албатта дар ёд дорам. Имрӯз чӣ қадар одамҳо мешиносанд маро ва ҳамаи ин муваффақиятҳо ба осонӣ ба даст намеояд. Бисёри одамон ба ман мегӯянд, ки шумо зуд муаррифӣ шудед. Лекин ин аз нигоҳи онҳо аст. дар асл дар байн чӣ қадар меҳнат буд, чӣ қадар заҳмат буд, чӣ қадар якдигарнофаҳмиҳо буд, ки ман ҳамаи онҳоро паси сар кардам. Мувафақияти аввалин ман пас аз сароидани суруди “Ғазал” ва “Суман” буд.

  • Маълум аст, ки санъат роҳи пурпечутоб ва рақобатпазир аст. Дар роҳи санъати шумо кадом монеаҳо, мушкилот ва ё чӣ гуна рақобат мавҷуд аст?

Албатта роҳи санъат пурпечутоб аст, аммо дар роҳи санъати ман монеаҳо дида нашуд, зеро ҳама дастгирӣ карданд. Афсӯс, ки ҳозир дар вилоят дар байни духтарон рақобат суст рафта истодааст. Ман мехоҳам, ки рақобат пурзӯр шавад ва мо ҳам бисёртар кор кунем.

  • Дар паси сар кардани ин мушкилот бештар кӣ ба шумо кӯмак мекунад?

Модарам. Аз он вақте ки ман роҳи санъатро пеш гирифтам, модарам маро дуогӯ ҳаст дастгирӣ мекунанд, маслиҳат медиҳанд. Аз ҳама муҳим модарам ба ман боварӣ дорад ва ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки сазовори анаҳмин боварӣ бошам.

  • Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед? Чаро?

Дар зиндагӣ аз қаҳри Худованд метарсам. Одам шири хомхӯрда аст. Худо накунад, ки ягон хатогӣ карда ба қаҳри Худованд гирифтор шавам. Ман аз ҳамин чиз метарсам дар зиндагӣ.



  • Ба фикратон шӯҳтари баланд шуморо тағйир додааст ё не?

Рости гап аз тарафи бисёр наздиконам, ки маро аз хурдӣ мешиносанд, чунин гапҳоро нашунавидаам, ки ман тағйир ёфта бошам. Лекин он касоне, ки дар аввал ба ман боварӣ надоштанд ва дар хусуси ман суханҳои ноҷо гуфта буданд, имрӯзҳо вақти бо ман рӯ ба рӯ шудан мегӯянд, ки ман медонистам, ки ту ҳамин хел ҳунар дорӣ овози хуб дорӣ ва ба ҳамин монанд гапҳо. Ман ҳаракат мекунам, ки ба чунин одамон таваҷҷӯҳ накунам. Албатта, аз ҷониби чунин нафарон нисбати ман суханҳо пайдо мешавад, ки ман гӯё тағйир ёфтаам. Ман бошам ҳаракат мекунам, ки ҳамеша чуноне ки ҳастам, ҳамин тавр монам, тағйир наёбам, чун мо инсонҳо хокӣ ҳастем. 

  • Барои онҳое, ки аз шӯҳрати баланд тағйир меёбанд чӣ маслиҳат медиҳед?

Бовар кунед, онҳое, ки аз шӯҳраташон ҳавобаланд мешаванд, маслиҳатро гӯш намекунанд. Мо ҳарчанд маслиҳат диҳем ҳам, онҳо гӯши шунаво надоранд. Ман танҳо мегӯям, ки подоши рафтори онҳоро аввал Худованд баъдан, вақту замон нишон медиҳад.

  • Агар имкони ба гузашта баргаштан мешуд, шумо ба кадом давраи ҳаётатон бармегаштед? 

Ростӣ ман ҳар шаб ба Худо шукр мекунам, ки ба ман чӣ рӯзе, ки додааст, чӣ ҳаёте, ки додааст, розӣ ҳастам ва шукрона мекунам. Ҳар лаҳзае, ки Худованд ба ман додааст, шукр мекунам. Шукр мекунам, ки фарзанди падару модарам шуда дар ҳамин оила таваллуд шудаам. Ман хушбахтиро дар пулу молу чизи дунё намебинам. Ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавам ва намегӯям, ки агар вақтро баргардонида мешуд ман ба гузашта баргашта ягон чизро тағйир медодам. Ман аз зиндагии паси сар кардаам розӣ ҳастам.

  • Оё орзуе доред, ки то ҳанӯз ҷомаи амал напӯшида бошад? 

Албатта, то он вақте ки дили инсон  метапад, орзу мекунад. Ман инз орзуҳои зиёд дорам. Бархе аз орзуҳоям ҷомаи амал пӯшидаанд баъзеи дигар бошанд, ҳоло не. Агар тани сиҳату солим дошта бошам, ҳамеша аз пайи амалӣ намудани орзуҳои худ мешавам. Лекин ман фикр мекунам, ки орзуҳо нуҳуфта монанд, хубтар аст, то он вақте ки амалӣ шаванд. Лекин ман армон дорам. Армони ман ин аст, ки падари бузургвори ман хеле ҷавон аз дунё рафтанд ва натавонистанд, ки муваффақиятҳои маро бинанд. Орзуи падарам он буд, ки ки ман сароянда шавам. Аммо вақт имкон надод, ки амалишавии орзуяшонро бинанд. Ин аст армони ман.

  • Хеле хуб. Чӣ хеле, ки маълум аст шумо ба наздикӣ консерти навбатиатонро дар шаҳри Душанбе барпо мекунед. Дар бораи консерти дар нақшабуда каме маълумот медодед, чӣ навгониҳо дар он дида мешавад? Меҳмонони ин консерт киҳо мешаванд? 

Бовар кунед, пеш аз консерт бисёр дар ҳаяҷон ҳастам. Вақте ки дар бораи консерт фикр мекунам, ҳаяҷон пахш мекунад гӯё худи ҳозир дар саҳна бошам. Албатта ҳаракат карда истодаем, ки барои мухлисон навигариҳои дигар бошад. Меҳмони консерт сарояндаи маҳбуб Шодмон Сулаймонӣ, ки мухлисони зиёд доарнд, мебошанд. Мо кӯшиш карда истодаем, ки тамоми ташкилкунандагони ин консерт ҳам навозандагон ҳам раққосаҳо ҳама аз Хуҷанд бошанд. Мо мехоҳем, ки санъати Хуҷандро дар пойтахт муаррифӣ кунем ва пешкаши мухлисони марказ гардонем. Ин нақшаро мо барвақт як ду сол пеш кашида будем ва Иншооллоҳ насиб бошад санаи 17 ноябр соати 17:00 дар Кохи Суруш консертро баргузор мекунем, мухлисонро интизор ҳастем. Мо кӯшиши зиёд мекунем, ки мухлисон хурсанд шуда аз консерт розӣ бошанд.



  • Ба мухлисонатон чӣ таманниёт доред? 

Пеш аз ҳама саломатӣ хоҳонам. Бошад, ки ҳамеша оилашон солим фарзандонашон баркамол ва зиндагиашон тинҷу осоишта бошад. Бигзор ҳамеша хурсанд бошанду мо дар хизмати онҳо бошем. Фикр мекунам, ки нияти беҳтаринро санъаткор мекунад, ки ҳамавақт тӯю хурсандиро таманно мекунад. Ман ҳам мехоҳам ки дар хонаводаи ҳама хурсандӣ бошад, тӯй шавад ва ба ниятҳои некашон расанд.

  • Мо кормандони сомонаи САДО.ТҶ аз шумо барои сӯҳбати гарму самимӣ сипосгузорем ва аз номи тамоми мухлисонатон низ миннатдорӣ баён мекунем. Ба шумо дар зиндагӣ хонаободи, рӯзгори тинҷу осоишта ва дар соҳаи санъат бароятон фаъолияти пурсамар, бурдбориҳо ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно мекунем. 

Саломат бошед. Ба шумо низ ташаккур. Ба ҳамаи шумоён ман низ барори корро хоҳонам.

Суҳбаторо: Наргис Каримова

Комментарии (0)
Добавить
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив