» » Маликаи Хубон - тахаллусашро бо пешниҳоди кӣ интихоб кард?

Маликаи Хубон - тахаллусашро бо пешниҳоди кӣ интихоб кард?

Маннонова Малика, ки бо тахаллуси Маликаи Хубон ба роҳи санъат қадам гузошт, 20 декабри соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш рассом ва модараш мураббия мебошанд. Ӯ фарзанди хурдӣ, аниқтараш фарзанди сеюми хонадон мебошад. Қадами аввалини худро дар ҷодаи санъат дар синни 12 солагӣ гузоштааст. Яъне, соли 2007 дар Фестивал озмуни “Донак” суруди “Шукрона”-и Нуқра Раҳматоваро сароида, Лауреати ҳамин озмун гаштааст. Пас аз иштирок дар ин озмун Маликаро ба Мактаби санъати  бачагонаи   №1-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд даъват мекунанд.  Ӯ 5 сол дар ҳамин мактаб таҳсил карда, баробари он мактаби миёнаро ҳам хатм мекунад.  Баъдан, соли 2012 ба шӯъбаи сурудҳои классикии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда онро соли 2017 бомуваффақият хатм мекунад. Солҳои таҳсил дар донишгоҳ ҳамчунин дар Ансамбли фолклорию этнографии Фалак низ  фаъолият кардааст. Аз мактаби устодони бузург дарс омӯхтааст. Дар жанри шашмақом Насибахон Узоқоваро устоди худ медонад. Пас аз хатми Донишгоҳ бо сабаби оилавӣ 2 сол саҳнаро тарк кард. Акнун бошад аз нав боз ба саҳна ҳамчун Маликаи Хубон баргашт. 


  • Сараввал мехостам дар бораи тахаллуси зебоятон ҳарф занед. Чаро тахаллуси “Хубон”-ро интихоб кардед? 

Аслан, “Хубон” унвоне, ки дар гузашта ба ғолиби озмуни духтарони аз ҷиҳати ҳусну ҷамол беҳтарини дарбори подшоҳ дода мешуд. Ва Маликаи Хубон бошад, киноя аз маҳбубаи соҳибҷамол аст. Яъне, маликаи хубон ин шоҳи хубон, маликаи зебоӣ ва олиҳаи ҳусн аст. Ин тахаллуси зеборо ба ман модарам интихоб карданд. 

  • Барои чӣ маҳз ҷодаи санъатро пеш гирифтед?

 Ман ҳанӯз дар синни 3 солагӣ суруд мехондам. Гуфтан мумкин аст, ки ин шавқу ҳаваси кӯдакии ман аст. 

  • Дар роҳи санъат рақобат пурзӯр аст, шумо аз рақобат наметарсед?

Ман санъати худро барои рақобат пеш нагирифтам. Ман барои рақобат кардан ва мухлисони бешумор пайдо кардан ин касбро интихоб накардаам. Балки барои шуғли дӯстдошта будани сарояндагӣ ин касбро интихоб кардам ва санъат машғулияти дӯстдоштаи ман аст. Бигзор халқ худаш баҳо диҳад. Ман танҳо барои ба тӯю маъракаҳо рафтан кор намекунам. Мехоҳам санъатамро мукаммал диҳам. 

  • Шумо дар тӯю маъракаҳо ҳам суруд мехонед?

Бале, агар мухлисонам даъват кунанд, ман рад карда наметавонам. 



  • Лаҳзаи аз ҳама хотирмон дар фаъолияти эҷодиатон кадом аст?

Лаҳзаҳои хотирмон хеле зиёд ҳастанд, ки яке аз онҳоро мегӯям. Мо барои хизмат ба тӯйи яке аз мухлисонамон рафта будем, ки худи соҳиби тӯй, модари домод аз сарашон рӯймоли тӯҳфашударо гирифта оварда дар назди ҳама ба ман тақдим карданд. Ман аз кори он кас, хеле хурсанд шудам, зеро дар он вақт ҳанӯз қадамҳои аввалин худро дар роҳи санъат гузошта будам ва ин қадрдонии мухлисон бароям хушбахтӣ аст. Муҳим тӯҳфа набуд, балки таваҷҷӯҳ ва эҳтироми он кас нисбати ман буд, ки ман аз касби интихоб намудаи худам шод гаштам. Ман ҳамон рӯймолро то ҳол нигоҳ медорам ҳоло ҳам он рӯймол дар хона аст. 

  • Дар лаҳзаи ғамгинӣ чӣ кор мекунед, чӣ гуна худро тасаллӣ мебахшед?

Ман ҳангоми ғамгинӣ танҳогиро пеша мекунам. Дар хона менишинам ва ҳаракат мекунам, ки ба кӯча набароям. Зеро бо табъи хира намехоҳам дигаронро ҳам ғамгин созам. Хуб, ин зиндагӣ ҳамин аст, ки гоҳо инсон хурсанд аст ва гоҳи дигар ғамгин. Ман ҳеҷ гоҳ ношукрӣ намекунам ва ба ҳамаи рӯзҳои додаи Худованд шукр мекунам.

  • Маликаи Хубон хушбахтиро дар чӣ мебинад?

Хушбахтӣ пеш аз ҳама, саломатии комил аст. Оилаи хушбахт дорам, падару модар дорам, дӯстону пайвандон дорам – ин аст хушбахтии ман. 

  • Дӯсти ҳақиқӣ гуфта шумо киро медонед? Шумо дӯсти ҳақиқӣ доред?

Дӯсти ҳақиқӣ касе аст,   ки ҳангоми ба мушкилӣ дучор омаданатон дастгири шумо бошад. Пеш аз он ки шумо аз мушкилиатон мегӯед, худаш дарк кунад, ки шумо дар чӣ гуна вазъу ҳолат қарор доред. Бале, ман дӯсти ҳақиқӣ дорам. 

  • Шахсан худатон мухлиси кӣ ҳастед?

 Ман мухлиси ашаддии сарояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулсанам Мамазоитова ҳастам. Санъати он касро бисёр эҳтиром мекунам. 



  • Оид ба кору фаъолияти худ дар телевизион маълумот медодед.

Соли  гузашта, Муҳайё Ҳотамова сармуҳаррири телевизиони Сомон маро ба кор даъват намуданд. Аз ҳамон вақт то инҷониб дар ин шабака ҳамчун ровии барномаи “Субҳи Ватан” кор мекунам.

  • Чӣ навгониҳо дар фаъолияти шумо ҳаст, ки ба мухлисонатон  мерасонед? 

Навгониҳо зиёданд, ки яке аз онҳо сабти клипи нав аст. Ба наздикӣ клипи навро бо шеър ва оҳанги худам пешкаши мухлисон мекунам, ки ин суруди “Бас–бас ” аст. 

  • Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

Дар шақша дорем, ки имсол пурра клип сабт намоем.  Ва агар Худованд қувваву нерӯъ диҳад, соли оянда консерт барпо менамоем.

  • Ба мухлисонатон чӣ таманниёт доред?

Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, мухлисони азизам пеш аз ҳама  саломатӣ ва зиндагии осоиштаро таманно дорам. Бигзор ҳамеша хурсанд ва дар иҳотаи падару модар ва ёру дӯстон бошанд. Аз  Сомонаи мусиқавии Sado.tj низ хеле миннатдорам. Ташаккур, ки барои ба роҳ мондани робита байни санъаткорон ва мухлисон мусоидат менамоед.

  • Мо аҳли кормандони Сомонаи мусиқавии Sado.tj низ ба шумо барои сӯҳбати гарму самимӣ ташаккур мегӯем. Аз номи кулли мухлисонатон бароятон фатҳи қуллаҳои баланди эҷодро таманно дорем. 

Сӯҳбаторо: Наргис Каримова
Комментарии (0)
Добавить
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив