» » Парвизи Само: Ҷаҳонгир Отаҷоновро идеали худ медонад.

Парвизи Само: Ҷаҳонгир Отаҷоновро идеали худ медонад.

Ҳайдаралиев Парвиз 28 апрели соли 1995 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Соли 2002 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Зафар Эгназаров таҳсилашро оғоз намуда соли 2012 баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба факултети молия ва қарз дохил шудааст. Соли 2016 донишгоҳро хатм намуда ҳоло дар театри Спитамен кору фаъолият дорад. 

 Парвизи Само

“Ғазал” суруде, ки имрӯзҳо, вирди забони ҳамагон аст. Мусиқии ҷолиб бо клипи муосир дар дили мардум ҷой гирифтааст. Парвиз, ҷавоне, ки мисли паррандае имрӯзҳо дар самои пур аз ситораҳо парвоз мекунаду барои мухлисонаш сурудҳои наву ҷолибро пешниҳод карда истодааст, ин навбат ҳамсӯҳбати мо гаштанд.

 Танҳо дар сомонаи Sado.tj аввалин маълумот ва сӯҳбати самимии ин сароянда пешниҳоди Шумо мухлисони азиз мегардад.

1.Чаро маҳз Парвизи Само. Тахаллуси Саморо чӣ тавр интихоб кардед?

Ин тахаллусро тақрибан 4 моҳ мешавад, ки гирифтаам. Бо маслиҳати Давлатманд Қутбиддинов тахаллуси “Само” интихоб кардем. Ин тахаллус ба номам алоқамандӣ дорад яъне Само-осмон ва Парвиз-парвоз кардан аст. 

2.Яке аз сурудҳое, ки Шуморо муаррифӣ намуд “Ғазал” аст. Каме дар бораи таърихи офаридани ин суруд мегуфтед.

Матни суруд ба Толиби Озарахш ва оҳангаш ба Мадалимов Уткирҷон таалуқ дорад. Вақте як суруди озарбойҷонӣ шунида будам ба ман писанд омад ва нақароти онро камтар истифода бурда аз нав ба оҳанг даровардем.Баъдан бо маслиҳати Даврон Турсунов клип омода намудем.

3. Шумо, ки  нав дар ҷодаи санъат қадамҳои аввалин   ниҳодед мегуфтед, ки дар ин самт бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед?

Ман аз хурдӣ дар маҳфилу консертҳо иштирок мекардам  ва суруд месароидам. Аслан модарам хеле мехостанд, ки сароянда шавам ва маҳз он кас маро роҳнамоӣ карданд.Баъд аз хатми мактаб мехостам ба коллеҷи санъат дохил шавам аммо падарам розӣ набуданд ва ман ба ДДҲБСТ ба факултети молия ва қарз дохил шудам. Дар машғулиятҳои донишгоҳ кам иштирок мекардам. Ба ҷойи донишгоҳ ба коллеҷи санъат барои омӯзиши рубоб мерафтам.Соли 2013 як гурӯҳ ташкил карда ба тӯю маъракаҳои мардум мерафтем.Дар он даврае ки донишҷӯ будам якчанд клипҳо низ омода карда будем. Аммо бо мушкилиҳои иқтисодӣ боз аз санъат дур шудам. Ҳоло бошад боз ба ҷодаи эҷод баргаштам.

4. Устодони Шумо кӣ ҳастанд?

Устодони ман Зикриҷон Турсунов, Қодирҷон Мирашӯров ҳастанд. Асосан аввалин нафаре ки маро роҳнамоӣ намуд модари азизам ҳастанд. 

5. Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед?

Дар зиндагӣ аз ҳеҷ чиз наметарсам. Баъзе нафарон мегӯянд ки “нони санъатро хӯрдан мушкил аст”. Ба фикри ман ҳама касбҳо мушкилиҳои худро дорад. Асосаш ҳалол кор кардан даркор дигар аз ҳеҷ чиз тарсидан даркор нест.

6.Шумо  оиладоред? Чанд фарзанд доред?

Бале оиладор ҳастам. Соҳиби 2 писар.

7.Хушбахтиро дар чӣ мебинед?

Хушбахтӣ дар саломатии фарзандонам ҳаст. Асосаш падару модарам сиҳату саломат дар барам бошанд ин барои ман хушбахтӣ аст.

8. Кадом намуди варзишро дӯст медоред ва машғул мешавед?

Бештар футболро дӯст медорам ва машғул мешавам. Мухлиси  Реал Мадрид Ювентус ҳастам. Аз варзишгарон   мухлиси Криштиану Роналду ҳастам.

9.Дар оянда оё нақшаи бо ягон сарояндагон дуэт сароиданро доред? 

Нақша дорем, аллакай тайёр. Бо Гуласал Пулотова маслиҳат намудаем. Албатта, моҳҳои наздик пешкаши мухлисон мекунем.

10. Сарояндаи асил ва ҳақиқӣ бояд чӣ гуна бошад?

Баъзе ҳофизон клипҳо ва ҳатто матнҳоро аз сарояндагони дигар кишварҳо мегиранд. Ба фикри ман сарояндаи ҳақиқӣ бояд худаш заҳмат кашад зеро эҷод кардан мушкил аст. Бояд бо овози зинда сарояд. 

11. Дар зиндагӣ идеали худро доред? Бештар ба кӣ тақлид мекунед?

Ман  ба ҳеҷ кас тақлид намекунам.  Идеали ман  ин сарояндаи халқи ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов аст. Тақрибан 10 сол боз ман мухлиси ин сароянда ҳастам.Ин сароянда бо сурудҳо ва рақсу тарзи пешниҳоди клипҳояш  аз дигарон фарқияти калон дорад.

12.Бештар сурудҳои кадом сарояндагонро гӯш мекунед?

Сурудҳои Ҷаҳонгир Отаҷонов, Григорий Лепс, Майкел Ҷексонро гӯш мекунам.

13. Хӯроки дӯстдоштаи Шумо кадом аст?

Бештар хӯроки туркии шаурмаро дӯст медорам.

14.Хислати Шумо чӣ гуна аст. Оё мехоҳед, ки ягон хислати худро дигар карда бошед?

Тез асабонӣ шудан ин хислате аст, ки мехоҳам дигар кунам. Аслан, дилтанг ҳастам.  Мехоҳам ҳамаи корҳо ба дараҷаи  аъло иҷро шаванд.

15. Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самимӣ. Бароятон муваффақиятҳои нав орзумандем. Ҳоло дар охир таманниёти Шуморо ба мухлисонатон мешунавем.

Мухлисонам бигзор ҳамеша сиҳат саломат бошанд.  Ҳамаи орзуҳое, ки дар дил мепарваранд бигзор ҷомаи амал пӯшад. Барои кормандони сомонаи Sado.tj барору комёбӣ мехоҳам.

Ташаккури зиёд!

Сӯҳбаторо: Мавзунахон Мирзоева

Комментарии (0)
Добавить
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив